«FarDU ilmiy xabarlari» 7-том 4-нөмір (2026)
КУҲАНВОЖАҲО ДАР “ПЕРЕВОДЧИКЪ СЪ РУССКАГО ЯЗЫКА НА ПЕРСИДСКИЙ”-И АЛБЕРТ ВИКЕНТЕВИЧ СТАРЧЕВСКИЙ
Djamolov, Jumaboy, Саломова, Дилафруз
Аңдатпа
мақола ба пажӯҳиши маъноии куҳанвожаҳо (архаизмҳо) дар «Переводчикъ съ русскаго языка на персидский»-и луғатнигори моҳири садаи XIX рус –Алберт Викентевич Старчевский бахшида шудааст. Вожаҳои куҳан ва таърихие чун «Дар Уль-ислам-Багдадъ» ва ченакҳои андозагирӣ– «агадж» (оғоч), «фарсах» (фарсанг) баррасӣ мешаванд, ки дорои арзиши таърихӣ, фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошанд. Мақсади таҳқиқ нишон додани он аст, ки чӣ гуна воҳидҳои лексикии зери назар дар замони худ (асри XIX) маънои мушаххас дошта, имрӯз ба доираи калимаҳои таърихӣ ё куҳан гузаштаанд. Муаллифи мақола тавассути таҳлили маъноиву решашиносӣ ва муқоисаи онҳо бо забонҳои русиву форсӣ равшан менамояд, ки ин вожаҳо дар баробари вазифаи забонӣ доштанашон, боз ҳамчун шоҳиди робитаҳои фарҳангӣ, луғатнигории миёни тамаддуни русзабонон, форсизабонон ва ҷаҳони исломӣ арзиш доранд. Натиҷаи пажӯҳиш муайян менамояд, ки куҳанвожаҳои луғати зери назар ғайр аз ифодаҳои ҷуғрофию сиёсӣ доштанашон, ҳамчунин манбаи зарурӣ барои фаҳмидани раванди рушду такомул ва инъикоси муносибатҳои фарҳангии ҳамон давра мебошанд.
куҳанвожаҳовожаҳои куҳанвожаҳои таърихӣархаизмҳоисторизмҳоАлберт Викентевич Старчевскийлуғатлуғати дузабонарусӣ ба форсӣфорсӣ ба русӣ
Метадеректер дереккөзі: журналдың OAI-PMH архиві · Sindex толық мәтінді сақтамайды, дереккөзге сілтеме береді.