«FarDU­ ilmiy xabarlari» Том 31 № 2 (2025)

ТАҲЛИЛИ БАЪЗЕ ВОЖАҲОИ ЛЕКСИКАИ ЗАРГАРӢ ВА ОРОИШӢ ДАР “ШОҲНОМА”-И ФИРДАВСӢ

Shukurova, Hafiza

Читать на сайте источника

Аннотация

<p>Муаллима Истамова Марҳабат. Ин зани оқилаю меҳрубон, фидоию меҳнатдӯст ва ботамкину хушмуомиларо аз овони донишҷӯиям мешиносам. Хуб дар хотир дорам муаллима соли хониши 2000 2001 ба мо донишҷӯёни филологияи тоҷик аз фанни Методика” дарс мегуфтанд. Аз ҳамон давр ин ҷониб дар дили ман нисбати касби муаллимӣ шавқи зиёд пайдо шуд. Зеро тарзи гуфтор, рафтор, одоби шинухез ва муомилаи муаллима хеле хоса буд. Ба таври дигар гуфтан ҷоиз бошад муаллима дар ҳар ҷода “методика”и хоси худро доштанд. Ҳар як дарси он касро бо интизории махсус мунтазир мешудам. Ҳамин ки муаллима ба аудитория ворид мешуданду бо донишҷӯён мисли як модари меҳрубон аҳволпурсӣ мекарданд, беихтиёр як ҳиссиёти аҷиб вуҷудамро фаро мегирифт. Дар дил ният мекардам, ки Худо расонаду агар муаллима шавам мисли муаллима Исматова мешавам.</p> <p>                Шукронаҳо, ки баъди хатми донишгоҳ то ин замон дар ин боргоҳи илм фаъолият дорам, муаллима ҳам шудам, вале намедонам то чӣ андоза аз услубу методҳои кории муаллима Истамова истифода карда тавониста истодаам.Бо вуҷуди он мудом кӯшиш мекунам, то шабеҳи онкас бошам. Зеро муаллима дар баробари фаъолияти илмӣ дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ низ фаъол буданд...</p> <p>                   Бояд тазаккур намуд, ки барои ҳар як зан пеш аз ҳама ҳаёти оилавӣ муҳим асту бахти асосӣ низ бахти оилавист. Муаллима Марҳабат Истамова дар ин ҷода низ муваффақ ҳастанд. Баъди он ки бо муаллима дар донишгоҳ дар як ҷамоа меҳнат кардем, бо онкас аз наздиктар шинос шуда, ба хонаашон рафту омадҳо кардан низ насибам шуд ва соҳиби фарзандони солеҳ, рӯзгори тинҷу осуда ба таври умумӣ гӯем оилаи хушбахт будани он касро амин гардидам. Аз ин ҷиҳат низ ба он кас ҳавас кардам...</p> <p>               Вақто ки бо муаллима менишинед, аз сӯҳбатҳои пурмазмунашон сер намешавед.Зеро умри бобаракат дидаанду санҷишҳои зиёди ҳаёт ва хушбахтона аз ин санҷишҳо омирона гузаштаанд. Дар ин рӯзҳои ҷашни солгарди умр устоди гаронқадрро сидқан табрику муборакбод мегӯям. Мехоҳам, ки солҳои зиёд ба бахти мо шогирдон ва фарзандону пайвандонашон сиҳату саломат гарданду мудом маслиҳатгару дуогӯямон бошанд!</p>

Фирдавсӣ“Шоҳнома”заргарӣороишзарзаррингавҳарсимёқутдебо

Источник метаданных: OAI-PMH архив журнала · Sindex не хранит полный текст, а даёт ссылку на источник.

Цитировать

APA 7
Shukurova, Hafiza (2025). ТАҲЛИЛИ БАЪЗЕ ВОЖАҲОИ ЛЕКСИКАИ ЗАРГАРӢ ВА ОРОИШӢ ДАР “ШОҲНОМА”-И ФИРДАВСӢ. «FarDU­ ilmiy xabarlari», 31(2).
GOST R 7.0.5
Shukurova, Hafiza ТАҲЛИЛИ БАЪЗЕ ВОЖАҲОИ ЛЕКСИКАИ ЗАРГАРӢ ВА ОРОИШӢ ДАР “ШОҲНОМА”-И ФИРДАВСӢ // «FarDU­ ilmiy xabarlari». 2025. Т. 31. № 2.
BibTeX
@article{hafiza2025,
  author  = {Shukurova, Hafiza},
  title   = {ТАҲЛИЛИ БАЪЗЕ ВОЖАҲОИ ЛЕКСИКАИ ЗАРГАРӢ ВА ОРОИШӢ ДАР “ШОҲНОМА”-И ФИРДАВСӢ},
  journal = {«FarDU­ ilmiy xabarlari»},
  year    = {2025},
  volume  = {31},
  number  = {2}
}
RIS
TY  - JOUR
AU  - Shukurova, Hafiza
TI  - ТАҲЛИЛИ БАЪЗЕ ВОЖАҲОИ ЛЕКСИКАИ ЗАРГАРӢ ВА ОРОИШӢ ДАР “ШОҲНОМА”-И ФИРДАВСӢ
JO  - «FarDU­ ilmiy xabarlari»
PY  - 2025
VL  - 31
IS  - 2
ER  -