«FarDU ilmiy xabarlari» Ҷилди 29 № 1 (2023)
ШИНОХТИ ҶОЙГОҲИ МИРСИДДИҚХОН ҲАШМАТИ БУХОРОӢ АЗ НАЗАРИ ТАЗКИРАНАВИСОН (дар асоси маводи тазкираҳои асрҳои XIX-XX)
Eshonqulov, Ilhom, забонҳои, шарқи
Аннотатсия
<p><em>Дар мақола ҷузъиёти муҳимтарин ва паҳлӯҳои норавшани зиндагиномаи Мирсиддиқхони Ҳашмати Бухороӣ бар асоси тазкираҳои поёни қарни </em><em>ХIХ</em><em> ва аввали қарни </em><em>ХХ</em><em> ва инчунин осори муҳаққиқон мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст.</em></p> <p><em>Аз ин рӯ, муаллиф кӯшидааст, ки ба ҷанбаҳои мухталифи эҷодиёти </em><em>Мирсиддиқхони Ҳашмати Бухороӣ </em><em>аз чашмандози фарох назар карда, мақом ва эътибори онро дар қаламрави забон ва адабиёти форсии ҳавзаи адабии Мовароуннаҳр муайян созад. Ба ин ваҷҳ, дар радифи матолиби аслии мақола вижагиҳои ҳунарӣ, сабку салиқаи нигориши шоир, мухтасcоти забонӣ ва услубии ашъори суханвар ва масъалаҳои дигари марбут ба ҳаёт ва эҷодиёти </em><em>Мирсиддиқхони Ҳашмати Бухороӣ </em><em>аз назари тазкиранависон мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқ қарор гирифтааст, ки арзиши ашъори ин шоири камшинохтаро дар омӯзиш ва шинохти таърихи адабиёти тоҷики асри </em><em>ХIХ</em><em> ва ибтидои асри </em><em>ХХ</em><em> муқаррар месозад.</em></p>
адабёти тоҷик дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XXтазкиранависӣҳаёт ва эҷодиёт“Ашъори мунтахаб”Мирсиддиқони Ҳашмати Бухороӣ.Tajik literature of the late 19th and early 20th centuriesthe works in Tazkiralife and workMirsiddikxon Hashmat Bukhari.
Манбаи метамаълумот: бойгонии OAI-PMH-и маҷалла · Sindex матни пурраро нигоҳ намедорад, ба манбаъ пайванд медиҳад.